facebookgoogle plustwitteryoutube

2598

Баёни воҷиботи мусалмон баъди хатми Рамазон.

Баёни такофули иҷтимоъӣ дар Ислом.

Баёни аҳкоми намози ид ва ҳикматҳои он.

Хутбаи аввал

الحمد لله الذي سهل لعباده طريق العبادة ويسر، ووفَّاهم أجورهم من خزائن جوده التي لا تحصر، سبحانه له الحمد على نعمه التي لا تحصر، وله الشكر على فضله وإحسانه وحق له أن يشكر. نشهد أنه الله لا إله إلا هو انفرد بالخلق ودبر، وكل شيء عنده بأجل مقدر، ونشهد أن سيدنا محمداً عبده ورسوله أفضل من صلى وصام، وتصدق وقام ، وذكر الله واستغفر ، صلى الله عليه وعلى آله الذين أذهب الله عنهم الرجس وطهر. أما بعد:

Худованди мутаъол мефармояд:

( قُلْ بِفَضْلِ اللَّهِ وَبِرَحْمَتِهِ فَبِذَلِكَ فَلْيَفْرَحُوا هُوَ خَيْرٌ مِمَّا يَجْمَعُونَ 58 ) [يونس: 58]

«Бигӯ: ба фазл ва раҳмати Аллоҳ –ба ҳамин чиз бояд мардумон шодмон шаванд, ин беҳтар аз чизҳоест, ки гирд меоваранд».

Эй мусалмонон! Аллоҳи мутаъол дар поёни моҳи Рамазон бар рӯзадорон, миннат ниҳод ва анҷоми кореро, ки василаи пок гардонидани амволи онҳо ва комилкунандаи наъматаш бар эшон аст, бар онон муқаррар кардааст. Бо анҷоми он, рӯз ва шабзиндадории ононро қабул мекунад ва лағжишҳо ва беҳудагӯиҳову дашномҳоеро, ки ба ибодоташон даромехта аст, аз байн мебарад ва ниёзмандиашро дар рӯза гирифтан бо иди фитр ва закоти он (мукофот) аз гадойи кардан, бенаёз мекунад.

Бо анҷоми ин кор, мусалмонон, дӯшодӯши ҳамдигар ҳаракат мекунанд ва ҳамдигарро дӯст медоранд ва сарватмандон ва ниёзмандонашон бо ҳам як дил мешаванд ва барои хушнӯдии Аллоҳи мутоаъол, ҳаракат мекунанд.

Чуноне, ки дар ҳадиси шариф ривоят шудаст:

«فرض رسول اللّه- صلى الله عليه وآله وسلم- زكاة الفطر طهرة للصّيام من اللّغو والرَّفث وطعمة للمساكين» (أبوداود 1609، ابن ماجه 1827، آلبانى در الارواء (3/332) حديث را حسن دانسته است).

"Расули Аллоҳ (с) закоти фитро фарз кард, то василае бошад барои пок шудани рӯза аз корҳои беҳуда ва дашном (ки бо рӯза омехтаанд) ва ғизое бошад барои мустамандон".

Аллоҳ бо ин садақа, шодӣ ва хушҳолиро дар дили рӯзадорон меандозад, бадин гуна, ки хушнӯдияшро аз онон дар ин моҳи бузург, амалӣ мегардонад.

Ин садақа, ҳамон закот, ё садақаи фитр аст, гар чӣ миқдори он кам аст, аммо нишонаи бузургии қонунгузории Исломӣ ва камоли он аст.

Байҳақӣ ва Дори Қутнӣ аз Ибин Умар (р) ривоят кардаанд, ки фармудааст: "Паёмбар (с) закоти фитрияро фарз намуд ва фармуд: " أغنوهم في هذا اليوم", яъне: "Дар ин рӯз фақиронро бенаёз гардонед".

Закоти фитр ба ин хотир ба ин исм номида шуда, ки бо ифтор кардан дар поёни Рамазон, воҷиб мегардад". Фатҳулборӣ

Паёмбари Акрам (с) закоти фитрро дар соли дуввуми ҳиҷрӣ -соле, ки рӯзаи рамазон фарз шуд- бар мусалмонон, фарз кард. закоти фитр бар тамоми мусалмонони мард ва зан, кӯчак ва бузург, озод ва барда, муқим ва мусофир, дар ҳоле, ки дар шабу рӯзи ид, бештар аз ғизои худ ва касоне, ки нафақаи онон бар ӯ воҷиб аст, дошта бошанд, фарз аст.

Закоти фитр бо дарёфти ғуруби охирин рӯзи Рамазон (шаби ид) воҷиб мешавад. Марди мусалмон аз ҷониби худ ва аз ҷониби касоне, ки нафақаи онон (аз мусалмонон) бар уҳдаашон воҷиб аст: монанди зану фарзанди ниёзманд, хидматгор ва волидайни ниёзманд), закоти фитр медиҳад.

Миқдори он баробари як соъ (дар ҳудуди ду кило ва ҳафсад грамм) аз ғизои маъмулии шаҳре, ки дар он зиндагӣ мекунад, мебошад, чун ниёзмандон дар рӯзи ид ба чунин ғизое алоқаманд ва мунтазири дарёфти он ҳастанд, пас як соъ аз гандуми хуб ва назири он аз донаҳое, ки дар холати ихтиёрӣ хурда мешаванд, дода шавад.

Чунон, ки дар ҳадис ривоят шуда, ки:

«فرض رسول اللَّه- صلى الله عليه وسلم- زكاة الفطر، صاعاً من تمر أو صاعاً من شعير، على العبد والحرّ والذكر والأنثى والصغير والكبير، من المسلمين وأمر بها أن تؤدّى قبل خروج الناس إلى الصّلاة». (متفق عليه)

"Расули Худо (с) закоти фитрро чунин фарз кард, як соъ (ду кило ва ҳафсад грамм) аз хурмо, ё як соъ ҷав, бар ҳар фарди мусалмони озод ва барда аз марду зан, кӯчаку бузӯр ва дастур дод, ки қабл аз рафтани мардум барои намоз (иди фитр), пардохт шавад". (Муттафақун алайҳӣ)

Агар мусалмон бештар аз он ҳам закоти фитр бидиҳад, барои ӯ садақа ба шумор меравад ва ба ӯ подоши фузунтаре дода мешавад. (Фиқҳи исломи ва адиллаи он, Ваҳба Зуҳайлӣ 1/142)

Паёмбари акрам (с) чаҳор навъ ғизоро барои додани закот, ном бурдааст. Абӯсаъиди Хузрӣ (р) мефармояд: Мо як соъ хуӯрок, ё як соъ ҷав, ё як соъ хурмо, ё як соъ кишк, ё як соъ кишмиш, ба унвони закоти фитр, медодем" (муттафақун алайҳӣ).

Паёмбар (с) замони пардохти онро мушаххас кардааст, инсони мусалмон бояд баъд аз тулӯъи фаҷри содиқ (баъд аз намози субҳ), дар рӯзи ид ва пеш аз рафтани мардум барои намози ид, закоти фитрро пардохт кунад. Ин вақт барои додани закот мустаҳаб ва писандида аст. (чун рӯзи ид аст ва мустамандон бо дарёфти он дар ин рӯз дар шодӣ ва сурур бо якдигар шарик мешаванд), аммо пардохти закоти фитр дар тули моҳи Рамазон ва пешпардохтани он, як ё ду рӯз бештар аз иди фитр, ҷоиз аст, вале ба таъхир пардохтани закоти фитр, ба он хотир макруҳ аст, ки дар таъхири он ҳадафе, ки аз додани закот –ки хушҳол кардани мустаманд ва бенаёз гардонидани ӯ аз гадойи кардан дар рӯзи идаст- аз байн меравад.

Оре! рӯзадорон дар ин як моҳ ба ҷанги нафс шитофта ва бо рӯзадорӣ дарси сабру муқовиматро омӯхта, рӯза ба инсони рӯзадор меомӯзад, ки гуруснагӣ, ташнагӣ ва истодан ва муқобила бо хостаҳои нафсонӣ, мушкил ва душвор ҳаст, вале инсон метавонад дар муқобили сахтиҳо, истодагарӣ намояд.

Рӯза ба рӯзадорон ва инсонҳо, ҳушдор медиҳад, фақр ва гуруснагӣ инсонҳои дигарро ранҷ ва азоб медиҳад, бояд аз он машақат ва сахтиҳо бохабар гардид ва рӯзадор дар ҳангоми гуруснагӣ ва сахтӣ худро шарики ранҷи фуқаро бидонад.

Аз сӯи дигар, вақте рӯзадорон бо муваффақият аз имтиҳон берун омаданд, ба хотири ин пирӯзӣ аз ин рӯз таҷлил мекунанд ва ин ҷашни пирӯзӣ дар фарҳанги Ислом ба номи иди фитр, ёд шудааст, ки яке аз идҳои муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Намози ид, суннати муаккада аст ва бархе аз уламо қоил ба вуҷуби он ҳастанд. Мустаҳаб аст, ки намози ид дар идгоҳ хонда шавад, чуноне, ки Паёмбар (с) дар идгоҳ намоз мехонданд, вале агар зарурате, ё узре бошад, метавон дар масҷид хонд.

Намози ид аз шаъоири Ислом аст, шоистааст, ки зану марди мусалмон барои адои он дар ҷамоъат ширкат кунанд. Ҳазрати Умми Атийя (р) мефармояд:

«أمرنا أن نخرج العواتق وذوات الخدور». (متفق عليه).

"Ба мо амр шуда, ки дар рӯзи ид духтарони болиғ ва онҳое, ки дар хонаҳояшон парданишин ҳастанд, бо худ ба идгоҳ берун бибарем".

Аммо вақти намози ид, он чӣ аз Язид бин Хумайр Раҳабӣ ривоят аст, ки Абдуллоҳ бин Буср, саҳобии Паёмбар (с) рӯзи иди фитр, ё қурбон бо мардум хориҷ шуд, таъхири имомро нописанд донист ва фармуд:

«إنا کنا قد فرغنا ساعتنا هذه، وذلک حين التسبيح» (روايت اصحاب سنن).

"Мо (замоне, ки бо Паёмбар (с) намози ид мехондем), дар ин лаҳза аз намоз фориғ шуда будем ва он вақти намози ишроқ буд". (Ривояти Асҳоби сунан).

Намози ид ду ракаъат аст ва дар он дувоздаҳ такбир гуфта мешавад: ҳафт такбир дар ракаъати аввал баъд аз такбири эҳром ва қабл аз қироъати фотиҳа ва панҷ такбир дар ракаъати дуввум, қабл аз қироъати фотиҳа. Аз Амр бин Шуъайб аз падараш аз ҷаддаш ривоят аст:

«أن رسول الله صلد الله عليه وسلم کبر في العيدين سبعا في الأولي وخمسا في الآخرة». (روايت ابن ماجه).

"Паёмбар (с) дар намозҳои ду ид, ҳафт такбир дар ракаъати аввал ва панҷ такбир дар ракаъати дуввум гуфт".

Дар мавриди қироъат дар намози ид, аз Нуъмон бин Башир (р) ривоят аст:

«أن رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم کان يقرأ في العيدين وفي الجمعة بسبح اسم ربک الأعلي، وهل أتاک حديث الغاشية». (روايت اصحاب سنن).

"Паёмбар (с) дар намози ду ид ва намози ҷумъа, сураҳои "сабиҳисма рабикалъало" ва "ҳал атока ҳадисул-ғошия" ро мехонд".

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم. أقول قولي هذا وأستغفر الله لي ولكم ولسائر المسلمين انه هو الغفور الرحيم.


الحمد لله حمدا يليق بجلال وجهه وعظيم سلطانه ، وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له ، وأشهد أن محمدا عبد الله ورسوله ، صلوات الله سلامه عليه وعلى آله وأصحابه ومن سار على نهجه إلى يوم الدين وبعد:

Мусалмонон! Суннат аст, ки хутба баъд аз намози ид хонда шавад, чуноне, ки аз Ибни Аббос (р) ривоят аст:

«شهدت العيد مع رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم وأبي بکر وعمر وعثمان رضی الله عنهم فکلهم کانوا يصلون قبل الخطبة". (متفق عليه).

"Бо Паёмбар (с) ва Абӯбакру Умар ва Усмон (р) намози идро хондам, ҳамаи онҳо қабл аз хутба намоз мехонданд". (Муттафақун алайҳӣ).

Намоз (суннат) қабл аз намози ид ва баъд аз он, ҷоиз нест. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст:

«أن النبي- صلى الله عليه- وآله وسلم صلّى يوم الفطر رکعتين، لم يصل قبلها ولابعدها». (متفق عليه).

"Паёмбар (с) рӯзи иди фитр ду ракаъат намоз хонд, қабл ва баъд аз он, намози дигаре нахонд". (Муттафақун алайҳӣ).

Ва он чӣ дар рӯзи ид мустаҳаб аст:

Ғусл: Аз Алӣ (р) ривоят аст, ки дар бораи ғусл аз ӯ суол шуд, фармуданд:

«يوم الجمعة، ويوم عرفة، ويوم الفطر، ويوم الأضحى». (أصحاب سنن).

"Рӯзи ҷумъа ва рӯзи Арафа ва иди Фитру Қурбон, ғусл воҷиб аст". (Асҳоби сунан).

Пӯшидани беҳтарин лобос: Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки:

«کان رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم يلبس يوم العيد بردة حمراء». (روايت طبرانی).

"Паёмбар (с) рӯзи ид ҷомаи сурхранг мепӯшид". (Ривояти Табаронӣ).

Хурдан дар иди фитр, қабл аз хуруҷ барои намоз: Аз Анас (р) ривоят аст:

«کان رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم لا يغدو ويوم الفطر حتي يأکل تمرات.» (سنن ترمذی).

"Паёмбар (с) субҳи рӯзи иди фитр то чанд хурмо намехурд, (ба намоз) намерафт". (Сунани Тирмизӣ).

Тағйир масири рафту баргашт: Аз Ҷобир (р) ривоят аст:

«کان النبي- صلى الله عليه وآله وسلم- إذا کان يوم عيد خالف الطريق». (صحيح بخاری/986 )

"Паёмбар (с) рӯзи ид аз роҳи ғайр аз роҳи рафтан, бармегашт". (Саҳеҳи Бухорӣ).

Такбир дар рӯзҳои ид: Аллоҳи мутаъол мефармояд:

( وَلِتُكْمِلُوا الْعِدَّةَ وَلِتُكَبِّرُوا اللَّهَ عَلَى مَا هَدَاكُمْ وَلَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ 185 ) [البقرة: 185]

"Ва то теъдоди (рӯзҳои рамазон) ро комил гардонед ва ба хотири ин, ки Аллоҳ шуморо ҳидоят карда, Аллоҳу акбар бигӯед ва то ин, ки сипостгӯзорӣ кунед".

Такбир дар рӯзи иди фитр аз вақти рафтан ба номозгоҳ, шурӯъ мешавад ва то хондани намоз, идома меёбад. Ибни Абишайба (р) мефармояд: Язид бин Ҳорун аз Ибни Абизеъб аз Зуҳрӣ ривоят мекунад, ки:

«أن رسول الله- صلى الله عليه وآله وسلم- کان يخرج يوم الفطر فيکبر حتی يأتي المصلی، وحتى يقضي الصلاة، فإذا قضی الصلاة قطع التکبير». (أصحاب سنن).

"Паёмбар (с) рӯзи иди фитр такбиргӯён ба намозгоҳ меомад, то ин ки намоз тамом мекард ва пас аз итмоми намоз, такбирро қатъ мекард". (Асҳоби сунан).

Байҳақӣ аз тариқи Абдуллоҳ бин Умар аз Нофеъ аз Абдуллоҳ бин Умар ривоят кардааст, ки:

«رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم کان يخرج في العيدين مع الفضل بن عباس وعبدالله بن عباس وعلي وجعفر والحسن والحسين وأسامة بن زيد، وزيد بن حارثه وأيمن بن أم أيمن رضی الله عنهم رافعا صوته بالتهليل والتکبير، فيأخذ طريق الحذائين حتي يأتي المصلي، وإذا فرغ رجع علي الحذائين حتي يأتي منزله».

"Паёмбар (с) барои намози ду ид бо Фазл бин Аббос ва Алӣ ва Ҷаъфар ва Ҳасану Ҳусайн ва Усома бин Зайд ва Зайд бин Ҳориса ва Айман бин Умми Айман (р) хориҷ мешуд ва бо садои баланд: "لا إله إلا الله والله أكبر" мегӯфт ва аз роҳи ҳизоайн (масири кафонаш) ба намозгоҳ мерафт ва баъд аз хондани намоз, аз болои ҳизоайн (аз роҳи дигар) ба хонааш бармегашт ва Асҳобашон, мисли Ибни Умар ва Абӯ Умома (р), садои худро дар ин такбир боло мебурданд". Байҳақӣ, саҳеҳ 3/276.

Алфози такбири ид, азин қарор аст:

«الله اکبر الله اکبرالله اکبر، لا إله إلا الله، والله اکبر ، ولله الحمد». (به روايت ابن ابی شيبه).

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم صلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين وارْضَ اللهمَّ عن خلفاء نبيك الرّاشدين الأئمة الهداة المهديين ذوي القدر العلي والفخر الجلي ساداتنا وأئمتنا أبي بكر وعمر وعثمان وعلي وارض اللهم عن السبطين الشهيدين سيدا شباب أهل الجنة وقرتا أعين أهل السنة الإمام أبي محمد الحسن والإمام أبي عبدالله الحسين وعن أمهما فاطمة الزهرا وعن جدتهما خديجة الكبرى وعن الصديقة بنت الصديق عائشة أم المؤمنين وعن سائر أزواج نبيك الطاهرات وعن سائر آل بيت النبي المطهرين من الدنس والأرجاس وعن عمي النبي الكريم حمزة والعباس وعن من تبعهم بإحسان الى يوم الدين.

اللهم أعز الإسلام والمسلمين ، وأذل الشرك والمشركين ، ودمر أعداء الدين ، واجعل اللهم هذا البلد آمناً مطمئناً وسائرَ بلاد المسلمين .

اللهم أعز الإسلام والمسلمين، وأذل الشرك والمشركين، ودمِّر أعداء الدين، اللهم انصر من نصر الدين، اللهم انصر دينك وكتابك وسُنَّة نبيِّك - صلى الله عليه وسلم.

«اللهم انصر إخواننا المسلمين في كل مكان يا حي يا قَيُّوم، اللهم انصرهم نصرًا مؤزَّرًا، وأيدهم بتأييدك، واحفظهم بحفظك يا حي يا قيوم يا ذا الجلال والإكرام.

اللهم آمنَّا في أوطاننا، وأصلح أئمتنا، وولاة أمورنا، واجعل ولايتنا فيمن خافك اتقاك، واتبع رضاك يا رب العالمين، اللهم أَبرِم لهذه الأمة أمرَ رشدٍ يَعزُّ فيه أهل طاعتك، ويُذلّ فيه أهل معصيتك، ويُؤمر فيه بالمعروف، ويُنهى فيه عن المنكر؛ إنك على كل شيء قدير.