Фитнаи зан


3467
Дарс Тавсифи

Ҳифозат аз фитнаи занҳо.

Тарбият додани занҳо ба покдоманӣ.

Тазаккур додани мусалмонон бар масъулиятҳояшон.

Хутбаи аввал

إن الحمد لله نحمده ونستعينه ونستغفره ونعوذ بالله من شرور أنفسنا وسيئات أعمالنا من يهده الله فهو المهتد ومن يضلل فلا هادى له وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له وأشهد أن محمدا عبده ورسوله .

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71]

أما بعد :

فأن أصدق الحديث كتاب الله وخير الهدى هدى محمد- ص- وشر الأمور محدثاتها وكل محدثة بدعة وكل بدعة ضلالة وكل ضلالة في النار.

Хоҳарон ва бародарони намозгузор! Аллоҳи Рабилиззат ва Ҷалол дар оятҳои тиловатшуда, мӯминонро ба пеша намудани тақво ва хавфу хашият аз худ, фаро мехонад, зеро бо паймудани роҳи тақвост, ки инсон ба корҳои шоиста ва накӯ даст зада ва саранҷоми Аллоҳи мутаъол аз гуноҳон ва иштибоҳоти вай дар мегузарад ва хушбахтии дунё ва охиратро насиб ва баҳраи ӯ мегардонад ва аз он ҷое, ки марду зан, ҳар ду банда ва махлуқи Аллоҳи мутаъол ва мухотаби аҳкоми Илоҳӣ ҳастанд, Аллоҳи мутаъол ҳар дуро хитоб карда ва ба тарс аз хеш, дастур медиҳад ва дар натиҷа, ҳар ду аз подошҳое, ки зикр шуд, баҳраманд хоҳанд буд, чӣ зану чӣ мард.

Аммо Аллоҳи мутаъол бино бар ҳикматаш дар офариниши зану мард ва масъулияте, ки ба уҳдаи ҳар як аз онҳо қарор дода, тафовутҳое қарор дода, чунон ки дар ояти 34 сураи Нисо мефармоянд:

( الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَى النِّسَاءِ بِمَا فَضَّلَ اللَّهُ بَعْضَهُمْ عَلَى بَعْضٍ وَبِمَا أَنْفَقُوا مِنْ أَمْوَالِهِمْ) [النساء: 34]

«Мардон сарпарасти занонанд, ба далели он, ки Аллоҳ таъоло бархе аз эшонро бар бархе (дар баъзе аз вижагиҳо) бартарӣ дода ва (низ) ба далели он, ки аз амволашон, харҷ мекунанд».

Ба ҳамин сабаб, бар мо лозим аст, ки ин сарпарастӣ ва масъулияти муҳимро дарк намуда ва бо пиёда намудани фаромонҳои Аллоҳ ва Расулаш дар ин замина, тақвои Илоҳиро пеша карда ва худ ва занони худро аз саъодати дунё ва охират маҳрум насозем.

Бародарони гиромӣ! Заъфи динӣ ва ахлоқии хоҳарони мусалмон дар бисёре аз ҷамеъаҳои Исломии имрӯза бар ҳеҷ як аз мо пӯшида нест –ки мутаъассифона бархе аз онҳо- аз улгӯҳои ҳақиқии хеш, яъне занони Паёмбар ва Саҳоба, фарсахҳо, фосила гирифтанд ва бо тақлиди куркурона аз занҳои фосиқу кофир дар мавҷҳои пурталотӯми инҳирофоти фикрӣ ва ахлоқии дунёи муъосир, ғутаваранд.

Ҳамон гуна, ки Расули Акрам (с) мефармояд:

«لتتبعن سنن من كان قبلكم شبراً بشبر وذراعاً بذراع حتى لو سلكوا جحر ضب لسلكتموه قلنا يا رسول الله اليهود والنصارى قال فمن ؟». (رواه البخاری ومسلم)

"Яқинан, роҳи равшани Умматҳои гузаштаро ваҷаб ба ваҷаб ва оринҷ ва оринҷ хоҳед паймуд, то ҷое, ки агар онҳо ба сурохи сӯсморе дохил шуданд, шумо низ ҳамон роҳро хоҳед паймуд (ва ба сурохи сӯсмор дохил мешавед). Гуфтем: Эй Расули Аллоҳ: Инҳо Яҳуду Насоро мебошанд? Фармуданд: Пас чӣ касе?. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Мӯминони намозгузор! Муҳимтарин инҳирофати имрӯзаи занҳои мусалмон, ки бисёре аз онҳоро аз фарҳангҳои ғарбӣ ва ғайри исломӣ тақлид намудаанд, дар ин маворид хулоса мешавад:

Ихтилот байни духтару писар дар бисёре аз мадрасаҳо ва донишгоҳҳо, ки бисёр хатарнок ва оқибатҳои нафарҷоме ба бор хоҳад овард.

Ихтилоти (бе хадду марз) мардону занон дар бозору маҳали доду гирифт ва риъоя накардани ахлоқ ва ҳиҷоби Исломӣ тавассути занҳои мусалмон ва дар ин ҷойҳо.

Ихтилот байни марду зан дар ҷои кор, ки ин масъала бисёр хатарнок аст, чӣ басо дар бисёре аз мавридҳо, хилват байни ду номаҳрам сурат гирифта ва оқибати нохушояндеро дар бар хоҳад дошт.

Ихтилот байни занону мардон ва низ духтарону писарони номаҳрам дар хонаводаҳое, ки аз назари хешовандӣ ва ё дӯстӣ бо ҳам наздик ҳастанд.

Бародарони гиромӣ! Дини мубини Ислом, намунае аз бархурд ва рафтори занони бо иффату покдоманро барои мо ба тасвир мекашад, то занҳо ва духтарони мо аз онҳо улгӯбардорӣ намоянд, ҳангоме, ки Аллоҳи мутаъол дар Қуръони Карим мефармояд:

( وَلَمَّا وَرَدَ مَاءَ مَدْيَنَ وَجَدَ عَلَيْهِ أُمَّةً مِنَ النَّاسِ يَسْقُونَ وَوَجَدَ مِنْ دُونِهِمُ امْرَأتَيْنِ تَذُودَانِ قَالَ مَا خَطْبُكُمَا قَالَتَا لَا نَسْقِي حَتَّى يُصْدِرَ الرِّعَاءُ وَأَبُونَا شَيْخٌ كَبِيرٌ 23 فَسَقَى لَهُمَا ثُمَّ تَوَلَّى إِلَى الظِّلِّ فَقَالَ رَبِّ إِنِّي لِمَا أَنْزَلْتَ إِلَيَّ مِنْ خَيْرٍ فَقِيرٌ24فَجَاءَتْهُ إِحْدَاهُمَا تَمْشِي عَلَى اسْتِحْيَاءٍ قَالَتْ إِنَّ أَبِي يَدْعُوكَ لِيَجْزِيَكَ أَجْرَ مَا سَقَيْتَ لَنَا فَلَمَّا جَاءَهُ وَقَصَّ عَلَيْهِ الْقَصَصَ قَالَ لَا تَخَفْ نَجَوْتَ مِنَ الْقَوْمِ الظَّالِمِينَ 25 ) [القصص:23 - 25]

"Ва чун (Мусо) ба оби Мадян расид, гурӯҳе аз мардумро дид, ки чорпоёни худро об медиҳанд ва пушти сарашон ду занро дид, ки гӯсфандони худро бозмеронанд, Гуфт: "Шумо чӣ мекунед?» Гуфтанд: "Мо об намедиҳем, то он гоҳ, ки чӯпонон бозгарданд ва падари мо пири солхурдаеаст». Гӯсфандонро об дод. Сипас ба соя бозгашту гуфт: "Эй Парвардигори ман, ман ба он неъмате, ки бароям мефиристӣ, мӯҳтоҷам». Яке аз он ду зан, ки ба озарм ва ҳаё роҳ мерафт, назди ӯ омад ва гуфт: "Падарам туро мехонад, то музди об доданатро бидиҳад». Чун назди ӯ омад ва саргузашти худ бигуфт, гуфт: "Матарс, ки ту аз мардуми золим наҷот ёфтаӣ".

Оре! Духтарони намунаи Шуъайб (а) ин гуна бо шарму ҳаё буданд, ки худ ба канораи истода ва ҳар гиз бо мардон омехта нашуданд, то ин ки чупонон ҳамагӣ гӯсфандонашонро об доданд, сипас онҳо ба сӯи чоҳи об мерафтанд.

Инҳо улгӯ ва усваи духтарони мо дар шарму ҳаё ва иффату покдоманӣ, ҳастанд, на духтарони бебандубори шарқу ғарб, ки худро аз ҳар гуна иффат ва шарму ҳаё, орӣ сохта ва ҷамолу зебойи худро ҳамчун матоъи беарзиш, дар ихтиёри шаҳватпарастон ва сӯдҷӯён, қарор медиҳанд.

Бародарони гиромӣ! Ба ин сухани гуҳарбори Паёмбари Ислом, муаллими беҳамтои башарият, таваҷҷӯҳ намоед, ки чӣ гуна моро дар пешгириии офати бебардубории ахлоқӣ, роҳнамойи мекунад.

عن عبدالله بن عمرو قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: « مروا أولادكم بالصلاة وهم أبناء سبع سنين، واضربوهم عليها وهم أبناء عشر وَفَرِّقُوا بَيْنَهُمْ فِي الْمَضَاجِعِ». (رواه أبو داود وحاکم وقال الألباني: صحيح).

Абдуллоҳ бин Амр (р) мефармояд: Расули Акрам (с) фармуданд: «Фарзандонатонро аз ҳафсолагӣ ба намоз хондан фаро хонед ва дар синни даҳ солагӣ (агар дар адои он кӯтоҳӣ намуданд) ба сабаби он, онҳоро танбеҳи баданӣ намоедва дар ин син ҷои хобашонро аз ҳам ҷудо созед». (Ривояти Абӯдовуд ва Ҳоким ва Албонӣ онро саҳеҳ гуфтаст).

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳадис, масъулияти волидайн дар тарбияти фарзандон аз даврони хурдсолии онҳо, бисёр ҳассос ва сарнавиштсоз мебошад ва онҳо бояд аз даврони кӯдакӣ, фарзандони худро бар покӣ ва иффат ва риъояти ахлоқ ва одоби Исломӣ, ҳатто бо бародарон ва хоҳарони худ, омӯзиш диҳад.

Намозгузорони муҳтарам! Яке аз дигар фитнаҳое, ки имрӯз бисёре аз занҳо ва духтарони мусалмон ба он мубтало гаштаанд, масъалаи бадҳиҷобӣ ва ё бе ҳиҷобӣ аст.

Ҳамон гуна, ки шоҳид ҳастем, баъзе аз занҳои мусалмон ба сабаби таъсирпазирӣ аз ғарб, аз ҳиҷоби Ислмомӣ ба таври куллӣ, рӯйгардон шуда ва бисёре аз зебоиҳо ва барҷастагиҳои ҷисми хешро намоён намуда ва ё ин, ки сурати худро бо ороиши зинда дар кӯча ва бозор, дар диди номаҳрамон қароро медиҳанд, ки тамоми инҳо бо дастӯроти Илоҳӣ, ки занҳоро ба ҳиҷоби Исломӣ ва мардҳо ва занҳоро ба контроли чашми хеш (адам чашмчаронӣ) фаро мехонад, мунофот дорад.

Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули акрам (с) фармуданд:

«صنفان من أهل النار لم أرهما: قوم معهم سياط كأذناب البقر يضربون بها الناس، ونساء كاسيات عاريات مائلات مميلات رؤوسهن كأسنمة البخت المائلة، لا يدخلن الجنة ولا يجدن ريحها، وإنَّ ريحها ليوجد من مسيرة كذا وكذا». (رواه مسلم) .

"Ду гурӯҳ аз аҳли оташанд, ки онҳоро надидаам, мардумоне ҳастанд, ки тозиёна доранд, монанди думи гом, бо он мардумро мезананд, ва заноне ҳастанд, ки бараҳна ва урён, ки либосҳои тангу шаффоф ва кӯтоҳ бар тан доранд ва аз тоъат ва фармони Аллоҳ, мунҳарифанд ва мардонро ба тарафи худ, кашонда фосид мекунанд ва (мӯйи) сарашонро монанди куҳони шутур аст, ки ба ин тарафу он тараф меравад, инҳо ба биҳишт дохил намешаванд ва бӯйи биҳишт ҳам ба машомашон намерасад, дар ҳоле, ки бӯйи биҳишт, аз масофаи чунину чунон, ба машом мерасад". (Ривояти Муслим).

Бори Илоҳо! Занону духтарони мо ва тамоми мусалмононро аз шарри беҳиҷобӣ ва бадҳиҷобӣ, раҳо кун ва онҳоро ба роҳи ҳаққу ҳақиқат ва иқтидо ба ҳамсарони поки Расули Аллоҳ (с) ва занони Саҳоба, ҳидоят бифармо.

بارك الله لي ولكم في القرآن العظيم ونفعني وإياكم بما فيه من الآيات والذكر الحكيم, أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحمد لله الذي خلق الزوجين الذكر والأنثى والصلاة والسلام على القائل: خيركم خيركم لأهله وأنا خيركم لأهلي وعلى آله وصحبه أجمعين وأحث نفسي وإياكم على سلوك الخير والتقى وبعد:

Намозгузорони азиз! Зан дар Ислом нақши муҳимеро иҷро мекунад, бархе аз умматҳои гузашта, ҳеҷ ҳаққеро барои зан қоил набуданд ва ҳаққи ӯро салб мекарданд, вале Ислом тамоми ҳуқуқи машрӯъро ба зан бозгардонд.

Зан нисфи ҷомеъаи Исломӣ ва башариятро дорост, ӯ модар, хоҳар, духтар, хамсар ва ғайра мебошад. Дар Қуръони Карим ва Суннати Паёмбар (с) ҳар хитобе, ки ба мард мешавад, зан низ шомили онаст ва ҳеҷ фарқе байни зану мард дар шариъати Ислом, вуҷуд надорад, танҳо фарқе, ки байни зану мард аст, дар мерос мебошад, он ҳам ба сабаби ин, ки мард масъулияти комили таъмини хонаводаро бар ӯҳда дорад ва ӯст, ки бояд нафақа ва масорифи тамоми афроди хонаводаро, таҳия намояд, гар чӣ зани ӯ тоҷир ҳам бошад, нафақа ва харҷи зан, бар ӯҳдаи мард аст.

Ҳиҷоб иборат аст, аз сатри бадан ва иборат аст ва маҷмуъае аз аҳкоми иҷтимоъӣ, ки ба чигунагии вазъи занон дар низоми Исломӣ, рабт дорад ва занро дар қолаб ва чаҳорчӯби мунзабит барои анҷоми вазифааш, ки ҳамон сохтани наслҳо ва таъмини оянда аст ва ба ибораи дигар, ҳамкорӣ дар пирӯзии Ислом ва тамкин додани он дар кураи замин, омода созанд.

Оре! бо ин дид ва нигариш, Ислом тавонист аз занҳое, ки дар ҷомеъаи ҷоҳилии онрӯза, нангу ор ба шумор мерафтанд, бузӯрвороне, ҳамчун Хадиҷа, аввалин мусалмон ва Сумайя, аввалин шаҳид дар Ислом ва Фотима, сарвари занони биҳишти ҷовидон ва Ойишаи Сиддиқа, бузургтарин олима ва муаллимаи ҳадис ва Қуръон бисозад.

Занҳои салаф (садри Ислом) бо итоъат аз Аллоҳ ва Расулаш ва ҳифзи ҳиҷобу иффат тавонистанд, беҳтарин улгӯ ва усва барои занон, пас аз худ бошанд. Ҳангоме, ки ба қиссаи ифки Модари мӯминон, Ойишаи Сиддиқаи тоҳира, назар афканем, мебинем, ки эшон дар ниҳояти шарму ҳаё, ҳангоме, ки мутаваҷҷеҳи вуҷуди саҳобии ҷалил, Сафвон бин Муъаттал, шуданд калимае низ бо эшон сухан нагуфта ва ин саҳобӣ низ ба гуфтани «إنا لله وإنا إليه راجعون», иктифо намуда, модари мӯминонро аз хоб бедор сохта, то ба қофила расонд.

Ва ҳамон гунае, ки худи Уммаҳотулмӯминин ва дигар занони Саҳоба ривоят мекунанд, ҳангоме, ки ояти ҳиҷоб нозил шуд, онҳо ба зудӣ дар ҳар ҷо, ки буданд, бо ҳар чизи мумкин, зинати худро пӯшонида ва дастӯри Аллоҳро бидуни ҳеҷ тардиде, сареъан, итоъат намуданд.

Пас бар духтарон ва хоҳарону модарон ва ҳамсарони мост, ки бо онҳо иқтидо намуда ва дар муқобил, фармонҳои Аллоҳ ва Расулаш, сари таъзим фуруд оварда ва бидуни чуну чаро «самеъно ва атаъно»ро бар забон дошта ва бо тасдиқу яқин ва бовари қалбӣ дастӯроти Аллоҳи мутаъолро дар амал татбиқ намоянд.

Бародарони азиз! Ин рӯзҳо дастҳои нопок ва фиребгаре ба сӯи занҳои мусалмон дароз шуд, то онҳоро аз қуллаи каромат ва осмони маҷду шараф, ба разолату пастӣ кашида ва аз доираи хушбахтӣ берун ронд ва пеш аз он, ки ин дасти муҷрим ва ситамгор ба ҳадафи шуми худ, расад, бояд онро кӯтоҳ кард ва ин нафси нопок ва шарорат, боз ки барои гумроҳ кардан ва берун рондани хоҳарон аз биҳишти иффату ҳиҷоб, қиём кардаро, лаънат кунем ва ба Аллоҳ паноҳ бибарем.

Ва аз ӯ дар ин роҳ мадад ҷӯем, зеро Аллоҳи мутаъол моро қаюм ва сарпарасти занҳоямон қарор дода ва бино бар табиъати хулуқӣ ва халкии онҳо, ки нисбат ба марди заъифтар ҳастанд, ҳар гиз набояд онҳоро раҳо кунем, балки онҳоро бо ҳикмат ва нармӣ бо тавҷиҳоти Аллоҳ ва Расулаш, бо усваҳо улгуҳои ростин, ошно сохта ва ҳар гиз иҷоза надиҳем, ки луқмае барои шикорчиёни фурсатталаб, шаванд.

عباد الله!

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

وأكثروا عليه من الصلاة فقد فقد قال- صلى الله عليه وسلم -"من صلى علي صلاة صلى الله عليه بها عشرا.

اللهم صل وسلم وبارك على عبدك ورسولك نبينا محمد صاحب الوجه الأنور والجبين الأزهر وارض اللهم عن الأربعة الخلفاء أبي بكر وعمر وعثمان وعلي وعن سائر أصحاب نبيك أجمعين وعن التابعين ومن تبعهم بإحسان إلى يوم الدين وعنا معهم بعفوك ومنك كرمك وإحسانك يا أرحم الراحمين.

اللهم أعز الإسلام والمسلمين وأذل الشرك والمشركين ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم وآمنا في دورنا وأوطاننا وأصلح أئمتنا وولاة أمورنا اللهم واصلح قلوبهم وأعمالهم يا ذا الجلال والإكرام.

ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

اللهم اغفر لنا ولجميع المسلمين والمسلمات والمؤمنين والمؤمنات الأحياء منهم والأموات اللهم صل وسلم وبارك على عبدك ورسولك نبينا محمد وعلى آله وصحبه أجمعين .





Tags:




Mohamed Mahmoud Tablawi