Ҳуқуқи ҳамсоя


3323
Дарс Тавсифи
Ислом моро ба ҳуқуқи ҳамсоя супориш кардааст ва барои ҳамсоя арзиши вало қоил шудааст. Ҳамсоя дар Ислом ҳурмату ҳуқуқи зиёде дорад, ки қавонин ва шароъеи башарӣ ва давлатҳо ҳаргиз чунин ҳуқуқеро барояш қоил нестанд, қавониини вазъие, ки ҳуқуқи вайро нодида мегиранд ва ҳурматашро нигоҳ намедоранд.

Тавсия барои эҳсон ба ҳамсоя ва риъояти ҳуқуқи он.

Баёни ҳуқуқи ҷор.

Баёни фазилати эҳсон ба ҳамсоя.

Барҳазар доштан аз озори ҳасоя.

Хутбаи аввал

الحمد لله منزل الكتاب، هدى وذكرى لأولي الألباب، والصلاة والسلام على نبينا محمد المفضل على البشر بجوامع الخطاب، وعلى آله المطهرين والأصحاب.

وأشهد أن لا إله إلا الله وحده لا شريك له، وأشهد أن محمداً عبده ورسوله شهادة تنجي صاحبها يوم الحساب.

( يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُمْ مِنْ نَفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا 1 ) [النساء: 1]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ 102 ) [آل عمران: 102]

( يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولُوا قَوْلًا سَدِيدًا70 يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَنْ يُطِعِ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا 71 ) [الأحزاب:70 - 71] أما بعد:

Бародарону хоҳарони азиз! Аллоҳи мутаъол моро дар бораи ҳуқуқи ҳамсоя амр намуда, фармудааст:

( وَاعْبُدُوا اللَّهَ وَلَا تُشْرِكُوا بِهِ شَيْئًا وَبِالْوَالِدَيْنِ إِحْسَانًا وَبِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَالْجَارِ ذِي الْقُرْبَى وَالْجَارِ الْجُنُبِ وَالصَّاحِبِ بِالْجَنْبِ وَابْنِ السَّبِيلِ وَمَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ إِنَّ اللَّهَ لَا يُحِبُّ مَنْ كَانَ مُخْتَالًا فَخُورًا 36 ) [النساء: 36]

«Ва Аллоҳро бипарастед ва чизе ба ӯ шарик нагардонед». Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Акрам (с) ба Маъоз фармуданд: «оё медонӣ ҳаққи Аллоҳ Ҷалла Ҷалолуҳу бар бандагонаш чист? Маъоз фармуд: Аллоҳ ва Расулаш донотаранд. Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «ин, ки ӯро бипарастед ва чизеро бо ӯ шарик наоваред», сипас фармуданд: «оё медонӣ, ки агар ин корро карданд, ҳаққи бандагон бар Аллоҳ чист? Маъоз фармуд: Аллоҳ ва Расулаш донотаранд!. Расули Аллоҳ (с) фармуданд: «ҳаққи ононон инаст, ки эшонро азоб накунад».

Пас аввалин амр ва аввалин фариза, ҳамоно маърифати Аллоҳи мутаъол аст. Хондани вай ба ягонагӣ, итоъати вай ва шарик наовардан ба вай дар шаъни Улуҳият ва Рубубияти вай аст ва ба падару модар эҳсон кунед, дар сухан ва амал ва нафақа бар онон дар ҳангоми ниёзашон ва ба хешону ятимон ва мискинон, низ эҳсон кунед. «ва ба ҳамсояи хешовандон», низ эҳсон кунед, ӯ касест, ки ба ҳамроҳи ҳамсоягӣ дар маскан, ба инсон наздикии насабӣ, низ дошта бошад. Ё мурод аз (والجار ذي القربى), ҳамсояи наздик ва девор ба девор аст. «Ва ба ҳамсояи бегона», яъне бегона ва аҷнабӣ, ё ҳамсояи дур, низ эҳсон кунед. Баъзе гуфтанд: мурод аз он, ҳамсояи Яҳудӣ ва Насронӣ аст.

Хотирнишон мешавад, ки ҳаққи ҳамсоя ба ҳасби наздикӣ ва дурии манзили вай, тафовут пайдо мекунад, пас ба ҳар андоза, ки манзилаш дуртар бошад, ҳаққи вай ҳам заъифтар мешавад ва ба ҳар андоза, ки манзилаш наздиктар бошад, ҳаққи вай ҳам қавитар мешавад.

Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расули Акрам (с) дар бораи ҳаққи ҳамсоя фармуданд: «Ҷибрил пайваста дар бораи ҳамсоя васият мекард, то он ҷо, ки гумон бурдам, ки ҳамсоя аз ҳамсоя ирс мебарад».

«Ва эҳсон кунед» ба ҳамниши дар паҳлӯ нишаста», яъне: ба ҳамсар, ба рафиқи сафар ва ба рафиқи иқомат дар таҳсили илм, бо омӯзиши санъат, ё анҷоми тиҷорат, ё монанди инҳо. «Ва эҳсон кунед ба «Ибни сабил», яъне, ба мусофире, ки ба таври гузаро аз назди шумо мегузарад, пас бар муқим аст, то ба мусофир эҳсон кунад. Сабил, яъне, роҳ. Баъзеҳо гуфтаанд: мурод аз он мусофире, ки дар роҳ мондааст, ки тӯшаи роҳаш тамом шуда бошад ва қавли дигар: мурод аз он меҳмон аст. «Ва эҳсон кунед, ба он касе, ки дасти шумо молики вай бошад» ва эшон ғуломон ва канизонанд, чуноне, ки Расули Акрам (с) дастӯр доданд, ки ғуломон ва канизон бояд аз ҳамон ғизое таъом дода шавад, ки молики онон мехурад ва аз ҳамон либосе пӯшонда мешаванд, ки молики онон мепӯшад.

Ҳамчунин дар ҳадиси шариф омада аст: «барда мустаҳиқи ғизо ва пӯшоки хеш аст ва аз кори ҷуз ба ҳадди тавони худ, мукаллаф нашавад». «Бешак Аллоҳ дӯст надорад, касеро, ки мухтол», яъне: мутакаббир ва бепарво ва бемулоҳиза бошад бар мардум ва бар ҳар ҳамсоягони хеш, «ва фахрфурӯш бошад». Фахр: худситойи, баршумурдаи имтиёзот ва ифтихороти хеш ва гарданфарозӣ ва худбузургнамойи аст. Аммо агар касе неъматҳои ҳақ таъолоро бар худ ба манзури эътироф ба фазли вай, баршумурад, ӯ шукргузор аст ва ба воҷиби шукри ҳақ тоъоло, қиём варзида, лизо сазовори накӯҳиш нест.

Ҳамсоя ҳуқуқи бисёре дорад ва азияту озори ӯ яке аз муҳаррамот аст. Абӯшурайҳ (р) мефармояд: Паёмбар (с) фармуданд:

«والله لا يؤمن! والله لا يؤمن! قالوا: مَن يا رسول الله؟ قال: الذي لا يأمن جارُه بوائقَه».

«Ба Аллоҳ савганд имон надорад, ба Аллоҳ савганд, имон надорад», гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ! Ки имон надорад? Фармуданд: «Касе, ки ҳамсояаш аз бадӣ ва озори вай роҳат ва дар амон набошад» .

Паёмбар (с) ситоиш ва мазаммати ҳамсояро миқёс ва малоки некӣ ва бадӣ ба ҳамсоя қарор додаанд. Абдуллоҳ бин Масъуд (р) мефармояд: Шахсе ба ҳазрати Паёмбар (с) гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Аз куҷо бидонам, ки ба ҳамсояам некӣ кардаам ё бадӣ? Фармуданд: «Агар ҳамсоягонат туро сутуданд, далели инаст, ки ба онон некӣ кардайи ва агар туро мазаммат карданд, пас бидон, ки ба онон бадӣ раво доштаи» .

Азият ва озори ҳамсоя суратҳои гуногуне дорад, монанди ин, ки ба ҳамсоя иҷоза надиҳад, ки бар девори муштарак, мех бикӯбад ва ё бар он сақф бизанад ва ҳамчунин гирифтани пеши нури офтоб ва ҳаво бидуни иҷозаи ҳамсояд, насби панҷара бидуни иҷозати ҳамсоя дар ҷое, ки дар манзили ҳамсоя дидо дошта бошад, сару садо ва овозҳои ноҳанҷор, хусусан ҳангоми хоб ва истироҳат, задани фарзандони ҳамсоя, андохтани ашғол пеши дари ҳамсоя ва ғайра ва агар гуноҳе дар ҳаққи ҳамсоя анҷом гирад, ҷурм ва сазои он чандин баробар мегардад, Паёмбар (с) фармуданд: «Агар марде бо 10 зан зино кунад, гуноҳаш сабуктар аст, аз ин, ки бо ҳамсари ҳамсоя зино кунад ва агар аз 10 манзили ҷудогона дуздӣ кунад, гуноҳаш сабуктар аз ин аст, ки аз хонаи ҳамсоя, дӯздӣ кунад» .

Онҳое, ки ғиёби ҳамсояро фурсате барои сирқат ва хиёнат ба ӯ медонанд, бояд мунтазири азоби сахт ва дардноки Аллоҳ бошанд.

Қуртубӣ (р) дар тафсири (Ал-ҷомеъ лиаҳкомил-қуръон 5/381) мефармояд: (Эҳтиром ниҳодан ба ҳамсояи мусалмон ё кофир дар шариъати Аллоҳ мавриди таъкид қарор гирифтааст. Эҳсон гоҳе ба маънои накӯкорӣ меояд ва гоҳе низ ба маънои ҳусни муъошират, даст бардоштан аз озоррасонӣ ва пуштибонии молист).

Паёмар (с) дар бораи накӯкорӣ дар ҳаққи ҳамсояат чунин мефармоянд:

«كن ورعاً تكن أعبد الناس، وكن قَنِعاً تكن أشكر الناس، وأحِب للناس ما تحب لنفسك تكن مؤمناً، وأحسن مجاورة من جاورك تكن مسلماً».

«Бо тақво бош, то обидтарин аз ҳама бошӣ ва аҳли қаноъат бош, то шукргузортар аз ҳама бошӣ ва он чиро барои худ дӯст дорӣ, барои мардум низ дӯст дор, то мӯмин бошӣ ва ҳуқуқи ҳамсоягиро риъоят кун, то мусалмон қаламдод шавӣ» .

Модари мӯминон, Ойиша (р) аз Паёмбар (с) нақл мекунанд, ки:

«ما زال جبريل يوصيني بالجار حتى ظننت أنه سيورثه».

«Ҷибрил он қадар дар хусуси ҳамсоя васият кард, ки гумон бурдам, ки ҳамсояҳо аз якдигар ирс мебаранд» .

Яке аз масодиқи эҳсон ва накӯкорӣ дар ҳаққи ҳамсоя, тақдими ҳадия аст. Паёмбар (с) ба Абӯзар (р) фармуданд:

«إذا طبخت مرقاً فأكثر ماءه، ثم انظر أهل بيت من جيرانك فأصبهم منها بمعروف».

«Ҳар гоҳ шурбо пухтед, обашро зиёд кун ва сипас миқдоре аз онро ба сурате, ки Аллоҳписандона, барои ҳамсояат бифирист» .

Тақдими ҳадия хос барои ҳамсояи фақир нест, балки шомили ҳамсоягони сарватманд ва бениёз ҳам хоҳад буд ва беҳтарин ҳамсоя, касест, ки бархурду таъомули иҷтимоъияш, беҳтар ва Аллоҳ писандтар бошад, Паёмбар (с) мефармояд:

«خير الجيران عند الله خيرهم لجاره».

«Беҳтарини ҳамсоя назди Аллоҳ, касест, ки ҳуқуқи ҳамсоягиро риъоят намояд» .

Ҳамсояи хуб ва накӯкор, ҷузъи хушбахтиҳои инсон дар дунё ба шумор меравад, Саъд бин Абиваққос (р) аз Паёмбар (с) ривоят мекунад:

«أربع من السعادة: المرأة الصالحة، والسكن الواسع، والجار الصالح، والمركب الهنيء».

«Чаҳор чиз дар доираи хушбахтӣ мегунҷанд: Зани накӯкор, хонаи бузург ва ҷодор, ҳамсояи хуб ва василаи нақлияи роҳату ором» .

Яке аз дигар нишонаҳои ҳамсояи хуб ва муфид инаст, ки вазифаи амри ба маъруф ва наҳй аз мункарро дар ҳаққи ҳамсояаш анҷом дода ва муносиб бо шароити замонӣ ва маконӣ аз ин масъулияти динӣ, фуругузор накунад.

Озоррасонии ҳамсоя низ ҷузъи гуноҳони кабира ба шумор меравад, чун Паёмбар (с) шадидтарин таҳдидро дар ин бора, содир карда ва мефармоянд:

«والله لا يؤمن، والله لا يؤمن، والله لا يؤمن» قيل: مَن يا رسول الله؟ قال: «الذي لا يأمن جاره بوائقه».

«Қасам ба Аллоҳ, имон надорад, қасам ба Аллоҳ, имон надорад, қасам ба Аллоҳ имон надорад!. Арз карданд: Ки эй Расули Аллоҳ? Фармуданд: «он, ки ҳамсояаш аз бадиҳояш дар амон набошад» .

Паёмбар (с) дар яке аз дуоҳояш мефармояд:

«اللهم إني أعوذ بك من جار السوء في دار المقامة، فإن جار البادية يتحول».

«Бори Илоҳо! Аз ҳамсояи бад дар маҳали зиндагӣ ба ту паноҳ мебарам, чун ҳамсояи саҳро ва зудгузар давом надорад» .

أقول قولي هذا، وأستغفر الله لي ولكم، فاستغفروه إنه هو الغفور الرحيم.

الحَمْدُ لِلهِ رَبِّ العَالمِينْ، وَالصَّلاَةُ وَالسَّلاَمُ عَلىَ نَبِينّا مُحَمّدٍ ­­، وَعَلى آلِهِ وَأصْحَابهِ وَمَنْ دَعَا بِدَعْوَتِهِ إلىَ يَوْمِ الدِّيْن. أمّا بعد:

Ба Паёмбар арз шуд, ки

"إن فلانة تقوم الليل وتصوم النهار، وتفعل وتصدّق، وتؤذي جيرانها بلسانها، فقال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: «لا خير فيها، هي من أهل النار»، وفلانة تصلي المكتوبة وتصدق بأثوار ولا تؤذي أحداً. فقال رسول الله صلى الله عليه وآله وسلم: «هي من أهل الجنة».

«Фалон зани шабзиндадор, рӯзадор ва аҳли кирдорҳои хуб ва садақа додааст, вале ҳамсояшро бо забон озор медиҳад. фармуданд: ҳеҷ арзише надорад ва дӯзахист» ва арз карданд: Фалон зан танҳо намози воҷиб адо карда ва тикаҳои панири маҳалиро низ садақа медиҳад, вале дар муқобил ҳеҷ касро азият намекунад. Фармуданд: «ӯ биҳиштӣ аст» .

Эшон дар яке дигар аз аҳодиси гуҳарбори худ мефармоянд:

«من کان يؤمن بالله واليوم الآخر فلا يؤذ جاره».

«Ҳар ки ба Аллоҳ ва рӯзи охират имон дорад, набояд ҳамсояашро озор диҳад» .

Эй мусалмонон! Одоби таъомул бо ҳамсоя иборат аст аз:

Бо фарзандони ҳамсоя ба наҳви шоиста рафтор намоед, ба унвони намуна: бо афроди солеҳ дӯстӣ баркарор созед ва аз иртикоби гуфтору кирдори зишт, парҳез намоед.

Амволу амлоки онон аъам аз мошину чароғ ва ғайраро дар маърази азият ва озор қарор надиҳед.

Ҳаргиз баланд кардани садо ва ё кашидани наъра ва ё баланд кардани садои радиё ва дастгоҳои сабт ва савт, ҳамсоягонро мавриди озор қарор надиҳед.

Ҳаргиз набояд дар хона бо тӯб бозӣ кард, агар муҷиби азият кардани ҳамсоя ва ё олӯда кардани чизҳои манзил шавад.

Бояд ба дидори ҳамсоя рафт ва дар ғаму шодии онон, ширкат кард.

Набояд ашғолро дар пеши хонаи ҳамсоя гузошт.

Агар яке аз афроди ҳамсоя бемор буд, бояд ба аёдати вай рафт ва барои ӯ дуо кард ва бо калимаҳои зебо ба тасаллии онон пардохт.

Набояд аз асрору рози ҳамсоя иттилоъ пайдо кард ва дар сурате, ки аз он иттилоъ ёфт, набояд онро фош намояд.

Набояд аз пушти бом ва ё аз панҷара ба дохили хонаи ҳамсоя, нигоҳ кард.

عباد الله! صلوا وسلموا على من أمرتم بالصلاة والسلام عليه في قوله سبحانه:

) إِنَّ اللَّهَ وَمَلَائِكَتَهُ يُصَلُّونَ عَلَى النَّبِيِّ يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آَمَنُوا صَلُّوا عَلَيْهِ وَسَلِّمُوا تَسْلِيمًا 56 ) [الأحزاب: 56]

اللهم فصلِّ وسلِّم على عبدك ورسولك محمد وعلى آله وأصحابه أجمعين، والتابعين لهم بإحسان إلى يوم الدين.

اللهم ارضَ عن الصحابة الأخيار، وآل البيت الأبرار، اللهم إنا نشهدك حب نبيك، وأهل بيت نبيك، وأصحاب نبيك، ومن سار على نهج نبيك صلى الله عليه وآله وسلم.

اللهم وفقنا لِمَا تحب وترضى، اللهم انصر الإسلام والمسلمين، ودمر أعداءك أعداء الدين.

اللهم اغفر لنا ولآبائنا وأمهاتنا وجميع المسلمين الأحياء منهم والميتين، برحمتك يا أرحم الراحمين، اللهم آتِ نفوسنا تقوها وزكها أنت خير من زكاها، أنت وليها ومولاها، ربنا آتنا في الدنيا حسنة وفي الآخرة حسنة وقنا عذاب النار.

عباد الله! إن الله يأمر بالعدل والإحسان وإيتاء ذي القربى، وينهى عن الفحشاء والمنكر والبغي، يعظكم لعلكم تذكرون.





Tags:




Abu Bakr Al Shatri - Quran Downloads